Номнома

Гулчеҳр

занона

МАЪНӢ

Гулчеҳр گلچھر 1.гулрӯй, зебо, хушрӯ, соҳибҷамол; он кӣ чеҳрааш чун гул зебо бошад; зебонажод; чеҳрааш чун гул; он ки чеҳрааш дар латофату тароват ба гул монад.

Фиғон, ки ҷону дилам сӯхт соқии гулчеҳр,
Гаҳе зи оташи май, гаҳ зи рӯйи оташнок.
(Алишери Навоӣ)


Дар шаҳри Рай имсол ба ҳар сӯ, ки ниҳам гом,
Ҳар кас санаме дорад гулчеҳру гуландом.
(Қоонӣ)


2.Гулчеҳра, маъшуқаи Авранг; нигаред ба Гулчеҳра.

Калидвожаҳо

Маънои номи Гулчехр Gulchekhr Gulchehr