Номнома

Гулбарг

занона

МАЪНӢ

Гулбарг - (форсӣ). گلبرگ барги гул, рӯи зебо

Гулбарг گل برگ 1.барги гул, варақи гул; барги гули сурх, ҳар як аз баргҳои як гул; пари гул;

Ёқут набошад аҷаб аз маъдани ёқут,
Гулбарг набошад аҷаб андар маҳи озар.
(Манучеҳрии Домғонӣ)


2.маҷозан рӯи зебо.

Гулбаргро зи сунбули мушкин ниқоб кун,
Яъне, ки рух бипӯшу ҷаҳоне хароб кун.
(Ҳофиз)


3.киноя аз лаби маҳбуба.

То кай ба нозу шӯхӣ лабро газӣ ба дандон,
Гулбарги нозукатро озурда сохт хола.
(Ҳилолӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Гулбарг Gulbarg