Номнома

Гиромӣ

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Гиромӣ - киромӣ, азиз, арҷманд, бо қадру қимат; мукаррам, муҳтарам,  гиромӣ дар паҳлавӣ гиромик ба маънии арҷманду муҳтарам ва дар "Корномаи Ардашер"-у "Минуи хират" истеъмол шуда ва ин вожа аз решаи гари авестоӣ ба маънии парастиш ва тақдису эҳтиром омадааст ва ик дар паҳлавӣ аломати нисбат аст

Ба гурди гиромӣ супурд он сипоҳ,
Ки фарзанди ӯ буду ҳамтои шоҳ.
Дақиқӣ


Ғанимат шумор ин гиромӣ нафас,
Ки бе мурғ қимат надорад қафас.
Саъдӣ


гиромӣ доштан

گرامی داشتن

иззат кардан, эҳтиром намудан

гиромӣ кардан

گرامی کردن

азиз доштан, қимат донистан

иззат кардан, эҳтиром намудан

азиз доштан, қимат донистан

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Гироми Giromi