Номнома

Ганҷина

занона

МАЪНӢ

Ганҷина - (форсӣ). گنجینھ хазина, боигарӣ, сарват

Ганҷина گنجينه 1.ҷои ганҷниҳӣ, ганҷдон, махзан; хазона, ҷои нигаҳдории зару сим; ҷои ганҷ; ҷои нигаҳ доштани ҷизҳои гаронбаҳо;

Чашми ҷон аз дидани рухсори ин раъно бибанд,
То кушояд бар дилат ганҷинаи асрори дил.
(Сайфи Фарғонӣ)


2.ганҷ; мансуб ба ганҷ;

Парешон кун имрӯз ганҷина чуст,
Ки фардо калидаш на дар дасти туст!
(Саъдӣ)


3.киноя аз ботин, замир, дил.

Рози ишқ аз дил таровиш мекунад беихтиёр,
Оби ин гавҳар ба тӯфон медиҳад ганҷинаро.
(Соиб)


4.махзани китоб дар китобхона.

Калидвожаҳо

Маънои номи Ганчина Ganchina Ganjina