Номнома

Фозил

мардона

МАЪНӢ

Фозил - (арабӣ). فاضل соҳиби фазилат; донишманд, доно

Фозил (арабӣ) فاضل 1. барзиёд, зиёдатӣ; афзун; фузуниёбанда;

2.олӣ, афзал, бартар, беҳтар; писандида, некӯ.

3.олим, доно, фозил, донишманд, соҳиби фазилат, дорои фазлу камол; он ки дар дониш ва адаб бар дигарон фузунӣ ёбад; соҳиби ҳунар; бофазл; бофазилат, хирадманд; фарзона, донишвар; ба маҷоз касеро гӯянд, ки дар дониш ва илм бар дигарон фузунӣ ёбад ва бад-ин маънӣ дар забони форсӣ бисёр роиҷ аст; соҳибфазл, марди донанда;

Фазл дарди сар аст, Хоқонӣ,
Фозил аз дарди сар наёсояд.
(Хоқонии Шарвонӣ)


4.фузуниёбанда;
5.арҷманд, гиромӣ ва боаҳаммият.
6.ҳунарӣ, ҳунарвар, ҳунарманд.

То ту дар илм бо амал нарасӣ,
Олимӣ, фозилӣ, вале на касӣ.
(Саноӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Фозил Fozil