Номнома

Фитрат

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Фитрат - арабӣ

сустӣ,
заъф, нотавонӣ

Туро фатрати пирӣ аз ҷой бурд,
Куҳан гаштанат аз сари рой бурд.
Низомӣ


Баъд аз фатрати Кобул фарангиён дар Бадахшон бигузаштанд.
Аҳмади Дониш


арабӣ

нигаред ба

фатрат

I
1;

сустӣ,
заъф, нотавонӣ

арабӣ

нигаред ба

фатрат

II
1;

фосилаи
байни ду давр ё ду чиз

арабӣ

фосилаи
байни ду давр ё ду чиз

Ҳар малака ба тамаррун ба амал русухи бештар гирад ва ба фатрат русухаш кам шавад.
Ахлоқи Ҷалолӣ


фосилаи миёни давраҳои ду пайғамбар ва ё ду подшоҳ

Он хаёлоте, ки дидандӣ зи мо,
Вақти фатрат гоҳ-гоҳ аҳли Худо ...
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ


арабӣ

офариниш,
хилқат

Иқболи ту ҳам зи бадви фитрат,
Чун муъҷизаи Масеҳи Марям.
Заҳири Форёбӣ


табиъат, сифат ва хислати табиъии инсон ва ғайри инсон

Намедонам чи фитрат дошт инсон,
Ки хокистар нашуд з-ин доғи пинҳон?
Ҳозиқ


Завқи андешаи гул кардани ҳарф аз даҳанат,
То куҷоҳо сари фитрат ба мағокам дорад.
Шоҳин


маҷ. ақлу
зако

Зи қатра қатра аён диду аз муҳит муҳит,
Накард фитрати Бедил ба ҳеч боб ғалат.
Бедил


Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Фитрат Fitrat