Фирдавс
мардонаМАЪНӢ
Фирдавс - (арабӣ). فردوس боғ, боғи хушу хуррам; биҳишт, ҷаннат
Фирдавс فردوس ном аст мардонро; 1.боғ, боғи хушу хуррам; бӯстон;
Носеҳо, даъват макун моро ба фирдавси барин,
К-остони ҳиммати соҳибдилон з-ин бартар аст.
(Камоли Хуҷандӣ)
2.биҳишти афсонавӣ; биҳишт, ҷаннат; номи биҳишт;
3.беҳтарин ҷой дар биҳишт; ва баъзе гуфта, ки табақаи аълои биҳишт ва бӯстоне, ки он чӣ дар ҳама бӯстонҳо бувад дар он мавҷуд бошад аз дарахти ангур ва хурмо ва ҷуз он ва дар навишта, ки ба маънии боғи ангур аст; ва дар «Рисолаи муарработ» навишта, ки фирдавс муарраби «пирдавс»; ва дар «Қомус» гӯянд, ки фирдавс бӯстоне, ки дар ӯ мавҷуд бувад он чи дар ҳама басотин бувад; дар асл арабист ё румӣ, ё сурёнӣ, ки ба арабӣ нақл кардаанд,
Чашми мо чун зоҳидон бар меваифирдавс нест,
Ташнаи бӯе аз он себи занахдонем мо.
(Соиби Табрезӣ)

Калидвожаҳо
Маънои номи Фирдавс Firdavs