Номнома

Фазилат

занона

МАЪНӢ

Фазилат (арабӣ) فضيلت 1. бартарӣ, болотарӣ, афзалият; хубӣ, некӣ; мазийят, фузунӣ;

Туро фазилат бар хештан тавонам дид,
Валек фазлат номардумисту бехатарӣ.
(Оғоҷӣ)


2. бартарӣ дар фазл, илм ва камол; олимӣ, донишмандӣ, боилму бодонишӣ; дараҷаи олӣ дар фазл, фузунӣ дар маърифат ва илм; дониш, фарзон; пояи баланд дар ҳикмат ва фарҳанг, хирад;

3. савоб, аҷр;

Даме, ки ҳақ ба забонаш сухансаро бошад,
Фазилате натавон ёфт беш аз ин ҳаргиз.
(Бедил)


4. сифати некӯ; муқобили разилат; фазилатҳои аслӣ иборатанд аз: шуҷоъат, иффат, ҳикмат; фазоили аслиро чаҳор донистаанд, ки яке аз онҳо ҳам адолат аст: кадом фазилат, ки аз уммат ба уммат ва аз миллат ба миллат расид ва мардуд нагашт («Калилаву Димна»).

Калидвожаҳо

Маънои номи Фазилат Fazilat