Номнома

Фарзона

занона

МАЪНӢ

Фарзона - (форсӣ). فرزانھ оқил, донишманд, ҳаким

Фарзона فرزانه 1. ҳаким, донишманд, оқил, фозил; хирадманд; олим, зирак; мансуб аст ба фарзон, ки ба маънои дониш ва ҳикмат аст; ҳаким ва файласуф бошад; бохирад; муқобили девона; дар забони паҳлавӣ «фарзонак»;

Вазъи дунё ҳеҷ бар девона таъсире накард,
Бештар ин барқи ибрат хирмани фарзона сӯхт.
(Бедил)


2. шариф, покнажод, муҳтарам;

Аблаҳу фарзонаро фарҷом хок,
Ҷойгоҳи ҳарду андар як мағок.
(Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ)


3. муборак, хуҷаста, фархунда;

Ки ҳаст аз баҳри ин фарзона фарзанд
Забонам бо Азизи Миср дар банд.
(Абдурраҳмони Ҷомӣ)


4. саодатманд;

Ман, ки аз ҳастӣ чу фарзин рафта бошам борҳо,
Бар бисоти бедилӣ фарзона натвонам нишаст.
(Авҳадӣ)


5. вазир дар бозии шатранҷ;

Биёроста шоҳ қалби сипоҳ,
Зи як даст фарзонаи некхоҳ.
(Абулқосим Фирдавсӣ)


6. назди муҳаққиқин он ки муҷаррад ва мутлақулинон бошад;

7. бофиросат; соҳиби идрок, касе, ки бо дидани зоҳири чизе ботини онро дарёбад ва ҳушёр ва ҳушманд;

8. бузург.

Калидвожаҳо

Маънои номи Фарзона Farzona