Фаридун
мардонаМАЪНӢ
Фаридун - (форсӣ). فریدون офариниши нек, номи шоҳи Эрон
Фаридун فريدون 1.фариштаи нек, аҳуройӣ;
2.номи подшоҳи Эрон; аз шоҳони пешдодӣ (дар паҳлавӣ Фаритун) дорои се нерӯ; аз рӯи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Фаридун аз насли Ҷамшед буда, пас аз мушоҳидаи ситамгариҳои Заҳҳок алайҳи ӯ бармехезад ва бо мадади Коваи оҳангар ӯро дастгир намуда, зиндонӣ мекунад ва худ ба подшоҳии Эрон мерасад. Ва дар поёни зиндагӣ сарзамини васеи қаламрави худро байни фарзандонаш – Салму Эраҷ ва Тур тақсим мекунад. Ва сарзамини Эронро ба писараш Эраҷ месупорад. Ва оташи ғайрати Салм ва Тур аланга мегирад ва дар натиҷа он ду Эраҷро ба қатл мерасонанд ва ҷанозаи ӯро назди Фаридун меоранд. Фаридун баъди гиряву нолаҳои ҷонкоҳи зиёд мақоме, ки Эраҷ дошт, ба фарзанди ӯ Манучеҳр месупорад. Ва Манучеҳр бо амуҳои худ ба ҷанг мебарояд ва бунёди ҷангҳои Эрон ва Турон ниҳода мешавад. Фаридун баъди панҷсад соли салтанат тоҷи подшоҳиро бар сари наберааш Манучеҳр мегузорад ва худ падруд бо ин дунё мегӯяд. Фаридун дар адабиёти форсӣ ба унвони мазҳари тавоноиву пирузӣ мавриди ташбеҳи шуаро қарор гирифтааст.
Фаридуни бедордил зинда шуд,
Замину замон пеши ӯ банда шуд.
(Фирдавсӣ)
Савдои ишқ бар сари Маҷнуни бекулоҳ,
Бо тукмаи кулоҳи Фаридун баробар аст.
(Соиб)

Калидвожаҳо
Маънои номи Фаридун Faridun