Номнома

Эҳсон

мардона

МАЪНӢ

Эҳсон - (арабӣ). احسان некӯӣ, лутфу марҳамат, ато, бахшиш, инъом

Эҳсон (арабӣ) احسان 1.некӯӣ, лутфу марҳамат; некӣ кардан; неку доштан, некӯкорӣ, хубӣ; хубӣ, некӣ; некӯӣ кардан дар бораи касе;

Шеъри Ҳофизро, ки яксар мадҳи эҳсони шумост,
Ҳар куҷо бишнидаанд, аз лутф таҳсин кардаанд.
(Ҳофизи Шерозӣ)


Хар кас аз ёри худ эҳсону вафо меҷӯяд,
Ёри бадхӯи ҷафокори маро дидӣ? – Не.
(Савдо)


2.сахо, ҷуд, карам, ато, бахшиш; бахшиш кардан; инъом ; карам;

Ту шоҳи лутфу эҳсонию мо дар ранҷу ҳиҷронем,
Чу ман чандин ҷигарреше нигаҳ доранд даъвое.
(Ҷунунӣ)


Дукони ӯ кушода хони эҳсон,
Расонда ошиқонро бар лаби нон.
(Саййидои Насафӣ)


3.нозу неъмат.

Нахурад кас зи суфраву нонат,
То зи баҳри наволи эҳсонат.
(Абдурраҳмони Ҷомӣ)


Шеъри Шоҳин шуҳра з-он рӯ дар малоҳат гаштааст,
К-аз намакпарвардагони суфраи эҳсони туст.
(Шоҳин)

Калидвожаҳо

Маънои номи Эхсон Ekhson Ehson