Довар
мардонаМАЪНӢ
Довар داور 1. касе, ки одилона ҳукм мекунад, соҳиби адлу дод; додвар, инсофдиҳанда; қозӣ; додгар; касе, ки миёни неку бад ҳукм кунад, касе, ки барои қатъу фасли мурофиаи ду ё чанд нафар интихоб шавад; он ки миёни мардум ҳукм ва фасли даъво кунад; ҳукмронанда аз рӯи адл;
Пеши довар бурдам ӯро, фитна шуд довар бар ӯ,
То зи рашкаш доварӣ афтод бо довар маро.
(Амир Муиззӣ)
2. ҳоким, ҳукмрон; ҳокими одил;
Обу оташ мувофиқат ҷӯянд,
Ҳар куҷо давлатат шавад довар.
(Заҳири Форёбӣ)
3. даво ва дармон; ба тариқи маҷоз даво низ гӯянд чи гӯиё фарёдрас ва доддиҳандаи муарриз аст;
4. маҷозан Худо; номе аз номҳои Худои таоло, додор; Аллоҳ, Худои мутаъол, Худо, Эзад, Яздон, Додор; номи Офаридгор.
Ҷаҳондору бар доварон довар аст,
Аз андешаи ҳар касе бартар аст.
(Фирдавсӣ)

Калидвожаҳо
Маънои номи Довар Dovar