Номнома

Доро

мардона

МАЪНӢ

Доро - (форсӣ). دارا доранда, тавонгар; соҳиб, молик

Доро دارا 1. доранда, сарватманд, тавонгар; гиромӣ; молдор;

Дорандаи тахти подшоҳӣ,
Дорои сафедию сиёҳӣ.
(Низомии Ганҷавӣ)


2. Худои таоло; Худованд, молик;

Латифи карамгустару корсоз,
Ки дорои ҳалқ асту донои роз.
(Саъдии Шерозӣ)


3. номи подшоҳи сулолаи Ҳахоманишиён, ки аз тарафи Искандари Мақдунӣ дар соли 330 пеш аз милодӣ кушта шудааст;

Мо қиссаи Сикандару Доро нахондаем,
Аз мо ба ҷуз ҳикояти меҳру вафо мапурс.
(Ҳофиз)


4. Дориюши бузург нахустин подшоҳи силсилаи Ҳахоманишист, ки ба ин ном хонда шуда ва набояд ӯро бо Дорои Акбар, ки ба дасти Искандар кушта шуд, иштибоҳ кард. Ӯ ҳамон Дориюши аввал аст.

Калидвожаҳо

Маънои номи Доро Doro