Номнома

Дилрабо

занона

МАЪНӢ

Дилрабо - (форсӣ). دلربا дилбар, дилкаш, дилписанд

Дилрабо / Дилрабой دلربای 1.дилкаш, дилбар, зебо.

Нозукандоме, ки аз сар то ба пой,
Ҷузв-ҷузваш хуб буду дилрабой…
(Ҷомӣ)


2.маҷозан маҳбуба; маъшуқ, маҳбуб;

3.рабояндаи дил; касе ё чизе, ки дили шахсро ба худ ҷалб кунад; он ки ошиқ созад, он ки шефта кунад.

Аз ҷон ҳавои васли ту, эй дилрабо, нарафт,
Ҷон рафту орзуи ту аз ҷони мо нарафт.
(Мушфиқӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Дилрабо Dilrabo