Номнома

Дилкаш

занона

МАЪНӢ

Дилкаш دلکش 1.дилписанд, марғуб, хуб, хушоянд; дилпазир; дилрабо; рабоянда ва кашандаи дил ба сабаби зебоию дилфиребӣ ва хушию кашӣ ва ҷуз он, сифати зебову некӯ ва кашу фиребо, марғубу матбӯъ; ҷаззоб, матлуб, маҳбуб, писандида;

Сухан гарчи ҳар лаҳза дилкаштар аст,
Чу бинӣ, хамушӣ аз он хуштар аст.
(Хусрави Деҳлавӣ)


2.он ки дилҳои ошиқ ба сӯяш моил шавад; маъшуқ;

Шайдои ҳар маҳваш наям, ҷӯёи ҳар дилкаш наям,
Парвонаро оташ наям, мурғи Сулаймон нестам.
(Хоқонии Шарвонӣ)


3.номи оҳанге аз оҳангҳои мусиқӣ.

Калидвожаҳо

Маънои номи Дилкаш Dilkash