Дилфурӯз
занонаМАЪНӢ
Дилфурӯз دلفروز нигаред ба Дилафрӯз.
Шаби суҳбат ғанимат дону доди хушдилӣ бистон,
Ки моҳе дилфурӯз аст ону тарфи лолазоре хуш.
(Ҳофизи Шерозӣ)
Дилафрӯз дилкушо, фараҳбахш; афрӯзандаи дил, дилфурӯз, дилшодкунанда, хуррамибахш; равшанкунандаи дил, шодиовар, он ки сабаби шодию шодмонӣ шавад, мӯҷиби фараҳи хотир.
Аз қазо сӯи боғ шуд рӯзе,
То кунад айш бо дилафрӯзе.
(Низомии Ганҷавӣ)
2.маҷозан маҳбуба, маъшуқа; киноя аз маъшуқ ва маҳбуб;
Маро ту дӯст будӣ, эй дилафрӯз,
Валекин дӯсттар гаштам аз имрӯз.
(Гургонӣ)
3.ситора, ахтар;
4.зеборӯй, мояи равшании дил.
Ё Раб, ин шамъи дилафрӯз зи кошонаи кист?
Ҷони мо сӯхт, бипурсед, ки ҷононаи кист?
(Ҳофиз)

Калидвожаҳо
Маънои номи Дилфуруз Dilfuruz