Номнома

Чобук

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Чобук - тозиёна, қамчин

Падар аз рӯи хашму қаҳр чанд чобук ба ӯ зада аъзояшро маҷрӯҳ кард.
Таърихи Фаришта


чусту чолок, чаққон, зудкор

Бозаргоне ... бо вуҷуди неъмату мукнат ғуломону канизакон дорад ва шогирдони чобук. 
Саъдӣ


тезу тунд, босуръат

Чу бодаш гарчи чобук буд рафтор,
Вале мегашт ҳамчун абр ҳамвор. 
Ҳозиқ


чобуку чуст

چابک و چست

чаққон, тез

чобук истодан

چابک استادن

тайёр истодан, ҳозир ва
омода будан

чобук омадан

چابک آمدن

лоиқ омадан, муносиб будан

чобук рафтан

چابک رفتن

бо суръат рафтан; тез
паридан

моҳир, усто, кордон

Дар зиндон хобгузоре ба ғоят чобук ҳаст.
Маҷмаъу-л-ансоб


Ҳариф ар ба шатранҷ шуд чирадаст,
Ба бозандаи чобук орад шикаст.
Хусрави Деҳлавӣ


хушрӯй, зебо

Чобукони Хитову Фархоранд,
Моҳрӯёни Чочу Булғоранд. 
Саноӣ


чаққон, тез

тайёр истодан, ҳозир ва
омода будан

лоиқ омадан, муносиб будан

бо суръат рафтан; тез
паридан

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Чобук Chobuk