Номнома

Чеҳра

занона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Чеҳра - рӯй, талъат; симо, сурат

Моҳ чун чеҳраи зебои ту нест,
Мушк чун зулфи дилорои ту нест. 
Анварӣ


чеҳраи афрӯхта

چهره افروخته

рӯи сурх, рухсораи гулгун

чеҳраи каҳрабо

چهره کهربا

чеҳраи каҳрубо

рӯи зард, рӯи дардмандона

чеҳраи сероб

چهره سیرآب

рӯи тару тоза

чеҳраи коҳӣ

چهره کاهی

рӯи зард, рӯи дардмандона

чеҳра афрӯхтан

چهره افروختن

рӯй
намудан; рӯй гулгун кардан, рӯй сурх кардан

чеҳра харошидан

چهره خراشیدن

рӯй
кандан, аз таъсири алами бисёр бо нохунҳо рӯйро ханҷол кардан

аз чеҳра ниқоб фикандан

از چهره نقاب فکندن

рӯй
намудан, рӯй кушодан

симо, сурат, шалу шамоил; манзара, намуд

Чеҳраи боғ зи наққоши баҳор
Ба накӯӣ чу нигористон аст. 
Анварӣ


маҷ.
дидор, мулоқот

Ба шоҳи ҷаҳон гуфт, к-эй некхӯй,
Маро чеҳри Сом омадаст орзӯй. 
Абулқосим Фирдавсӣ


Дилу ҷону ҳушам пур аз меҳри ӯст,
Шабу рӯзам андешаи чеҳри ӯст. 
Абулқосим Фирдавсӣ


рӯи сурх, рухсораи гулгун

рӯи зард, рӯи дардмандона

рӯи тару тоза

рӯи зард, рӯи дардмандона

рӯй
намудан; рӯй гулгун кардан, рӯй сурх кардан

рӯй
кандан, аз таъсири алами бисёр бо нохунҳо рӯйро ханҷол кардан

рӯй
намудан, рӯй кушодан

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Чехра Chekhra Chehra