Номнома

Бунёд

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Бунёд - пойдевор, таҳкурсӣ, поя, асоси девор, хона ва ғ.

Дароранд бунёди рӯин зи пой,
Ҷавонон ба шамшеру пирон ба рой.
Саъдӣ


Биноро бино карданд ва бунёди ӯро ба об расониданд ва аз об то замин ба санг бароварданд. 
Авфӣ


Бунёди дарахт агар бувад суст,
Аз ҷунбиши бод уфтад чуст. 
Шоҳин


бунёд ниҳодан

بنیاد نهادن

сохтан, барпо кардан, ба вуҷуд овардан (мас., хона, боғ, шаҳр, иншоот ва ғайраро)

бунёд шудан

بنیاد شدن

бунёд гардидан

بنیاد گردیدن

бунёд ёфтан

بنیاد یافتن

сохта шудан, ба вуҷуд омадан

маҷ. асос, асл; ниҳод, сиришт

Хирадманд гӯяд, ки бунёди хӯй,
Зи шарм асту дониш нигаҳбони ӯй. 
Абушакури Балхӣ


Партави некон нагирад ҳар ки бунёдаш бад аст,
Тарбият ноаҳлро чун гирдакон бар гунбад аст. 
Саъдӣ


бунёд барафкандан

بنیاد برافکندن

асоси чизеро хароб кардан, вайрон кардан

бунёд кардан

بنیاد کردن

асос гузоштан; маҷ. шурӯъ намудан ба чизе

бунёди бад афкандан

بنیاد بد ‌افکندن

кори бад кардан

бунёд ба об бурдан

بنیاد به آب بردن

киноя аз устувор ва пойдор кардани асос

бунёд бар ях ниҳодан

بنیاد بر یخ نهادن

киноя аз кори бесаботу нопойдор кардан; ба бунёд омадан дуруст ва мустаҳкам шудан. 

сохтан, барпо кардан, ба вуҷуд овардан (мас., хона, боғ, шаҳр, иншоот ва ғайраро)

сохта шудан, ба вуҷуд омадан

асоси чизеро хароб кардан, вайрон кардан

асос гузоштан; маҷ. шурӯъ намудан ба чизе

кори бад кардан

киноя аз устувор ва пойдор кардани асос

киноя аз кори бесаботу нопойдор кардан; ба бунёд омадан дуруст ва мустаҳкам шудан. 

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Бунёд Bunyod Бунед