Номнома

Булбул

мардона

МАЪНӢ

Булбул بلبل 1. номи парандаи хушхони машҳур дар адабу шеъри форсӣ; парандаест кӯчак ва хушовоз, шабеҳ ба гунҷишк, дар фасли баҳор ва тобистон бештар рӯи дарахтҳо ва буттаҳои гул ба сар мебарад ва ишқи ӯ ба гул маъруф аст, ӯро дар қафас ҳам нигоҳ медоранд, ба арабӣ андалеб низ мегӯянд, балобил ҷамъ, дар форсӣ ҳазор ва ҳазорово ва ҳазордастон ва зандбоф ва зандвоф ва зандлоф ва зандхон ҳам гуфта шуда;

2. маҷозан хушгуфтор;

3. лақаби мардони хушовоз чун мутрибону ҳофизони Қуръон, аҳли зарофат.

Калидвожаҳо

Маънои номи Булбул Bulbul