Номнома

Бӯҳанифа

мардона

МАЪНӢ

Бӯҳанифа (арабӣ) بوحنيفه 1. ин ном аз ду таркиб: бӯ – шакли ихтисоршудаи абӯ ва ҳаниф иборат аст; вожаи «ҳаниф» дар луғатҳо ба маъниҳои зерин меояд: моил аз ҳар дини ботил ба сӯи дини ислом собит бар он; муътақид ба ислом; ҳоҷӣ; он ки дар миллати Иброҳим (а) бошад; хатнакарда, мусулмон; мусулмони ростдин; мустақим; рост;

2. куняи Имоми Аъзами Кӯфӣ, раҳматуллоҳи алайҳ, ки номи мубораки эшон Нуъмон буд.

З-он буҳанифамартабату шофиъибаён 
Чун Мисру Кӯфа буд Нишопур з-эҳтиром.
(Хоқонии Шарвонӣ)


3. писари Ҳазрати Алӣ (р) бародари Ҳасан ва Ҳусайн аз модари дигар, ки Хавла ном дошт. Дар Мадина иқомат карда, дар ҳамон ҷо вафот кардааст.

Калидвожаҳо

Маънои номи Буханифа Bukhanifa Buhanifa