Номнома

Бону

занона

МАЪНӢ

Бону - (форсӣ). بانو хонум, соҳибхоназан

Бону بانو 1.хонум, хотун; бибӣ; зан; баробари оқо, хотуни хона; хонуми бузург; хонум ва хотуне, ки зани муҳтарама бошад; хонуми асилзода.

Ту бону бош, то ӯ шоҳ бошад,
Ҳам ӯ бо ту чу хур бо моҳ бошад.
(«Вису Ромин»)


3.калимаи эҳтиром дар бораи занон; ба нишонаи эҳтиром ба зан итлоқ шавад;

4.малика, шоҳзан, бонуи азим; малика, сарвари занон;

Дилошӯби ҷаҳон, бонуи Эрон,
Таманнои шаҳон, хотуни даврон.
(Низомии Ганҷавӣ)


5.зани дӯстдошта, маҳбуба;

Ҳамин буд мақсудам аз он сухан,
Ки бошӣ ту бонуи зонуи ман.
(Савдо)


6.арӯс;
7.киноя аз офтоб аст;

8.номи духтари Яздгирди севум – подшоҳи сосонӣ, ки пас аз асорат ба издивоҷи Ҳазрати Ҳусайн ибни Алӣ (а) даромад.

Калидвожаҳо

Маънои номи Бону Bonu