Номнома

Биноӣ

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Биноӣ - яке аз қувваҳои ҳисси панҷгонаи инсон – қобилияти дидан, қувваи босира, чашм, айн, дидаварӣ ва бинандагӣ бошад:

Ҳоҷат нест ба дуруст кардани зоҳир чун шунавоӣ ва биноӣ ва буёӣ ва чашоӣ ва басоӣ.
Ибни Сино


Ҳамчу Яъқуб назар бе ту зи олам бастам,
Чи кунам дур зи дидори ту биноро.
Махфӣ


маҷ. соҳиббасарӣ, амиқбинӣ, дурбинӣ, хирадмандӣ

Агар дар чоҳи нафс афтӣ ба хорӣ,
Ту маъзурӣ, ки биноӣ надорӣ.
Убайди Зоконӣ


Назар ба айби касон аз камоли бебасарист,
Ба айби хеш назар кун, ки айни биноист. 
Махфӣ


гуфтугӯӣ

лоиқи дидан, ба дидан арзанда, диданӣ; хуб, марғуб

улуми пояи пизишкӣулуми ташреҳӣ

ҳиссе, ки аз тариқи он гирандаҳои шабакияи чашм бо дарёфти нури бозтобида аз ашёи муҳити перомун, онҳоро ба сурати тасвир шиносоӣ мекунад; дид

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Бинои Binoi