Номнома

Башир

мардона

МАЪНӢ

Башир - (арабӣ). بشیر хушхабардиҳанда, муждарасон

Башир I (арабӣ) بشير 1. башоратдиҳанда ва муждарасонанда ва касе, ки хабари хуш оварад бар хилофи назир, ки хабари бад меоварад; муждадиҳанда; муждаовар; муждарасон, қосиди хабарихушоваранда; навидгар, муждадеҳ; касе, ки мужда ва хабари хуш биёварад;

2. хубрӯй; ҷамил, некрӯй, хушсурат; некӯрӯй;

3. лақаби Ҳазрати Расул, яке аз асмои мутабаррики Ҳазрати рисолатпаноҳ (с) номи Ҳазрати рисолат (с) лақаби Ҳазрати Муҳаммад расулуллоҳ аст, чи мардумро ба биҳишт ва висоли Ҳақ башорат медода.

Номи пайғамбар Башир асту Назир андар Нубӣ,
Ту на пайғамбар, валекин ҳам назирӣ ҳам башир.
(Сӯзании Самарқандӣ)


Башир II بشير ширхор, кӯдаки башир.

Калидвожаҳо

Маънои номи Башир Bashir