Номнома

Барот

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Барот - арабӣ

хатти озодӣ, ҳуҷҷати афви гуноҳ

Баҳри озодиям барот навис,
В-аз хатоҳо хатти наҷот навис.


бароти хуррамӣ

برات خرمی

башоратнома, номаи муждагонӣ ва хабари хуш

бароти наҷот

برات نجات

бароти озодӣ, хатти озодӣ

бароти лайлатулқадр

برات لیلة‌القدر

номаи аз гуноҳ пок шудан, ки дар шаби лайлатулқадр ба обидони содиқ насиб мегардад

ҳуҷҷате, ки дар асоси он пулу мол ба касе гузаронида мешавад, ҳавола; санади ҳаволаи пул, ҳуҷҷате, ки дар асоси он пул ва ё моле ба касе гузаронида мешавад

Ҳаргиз бароте ба як динор ба ҳеч омил ва раият нанавиштандӣ. 
Носири Хусрав


Фармуд бароте нависанд, то аз хазона ҳазор динор ба он шоъир расонанд. 
Маҷмаъу-л-ансоб


бароти касе бар шохи оҳу будан

برات کسی بر شاخ آهو بودن

киноя аз ҳаволаи насия, ваъдаи дурӯғ 

башоратнома, номаи муждагонӣ ва хабари хуш

бароти озодӣ, хатти озодӣ

номаи аз гуноҳ пок шудан, ки дар шаби лайлатулқадр ба обидони содиқ насиб мегардад

киноя аз ҳаволаи насия, ваъдаи дурӯғ 

номи рӯзи 15-уми моҳи шаъбон – моҳи 8-уми солшумории ҳиҷрии қамарӣ

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Барот Barot