Номнома

Азро

занона

МАЪНӢ

Азро - (арабӣ). ازرا дӯшиза, бокира; ошкор

Азро (арабӣ) عذرا 1.духтар, дӯшиза, бокира, афифа; бикр, дӯшиза; дӯшиза, духтар ; дӯшиза; бикр; ба маънии духтари дӯшиза ва зани бикр.

Ҳама нозиданаш аз дидани зуввор бувад,
Вомиқ аст ӯ ба масал гӯию зоир Азрост.
(Фаррухӣ)


2.гавҳари сӯрохнашуда;

3.бурҷи Сунбула аз суратҳои фалакӣ; номи бурҷи Сунбула, чаро ки Бурҷи мазкур низ ба сурати духтарест, ки дар дасти ӯ хӯшаи гандум аст;

4.ба маънии ошкоро;

5.ва аз забони сиқот масмӯъ аст, ки духтари дӯшизаро азро гӯянд, аз он гӯянд, ки муҷомиъат ба ӯ тааззури тамом дорад, яъне душвор аст;

6.номи маъшуқаи Вомиқ дар достони «Вомиқу Азро»; маъшуқаи Вомиқ; номи маъшуқаи Вомиқ, ки бар ӯ ошиқ буд ва он канизаке буд бикру дӯшиза.

Касе, ки талъати ҳусни изори Азро дид,
Бувад ҳароина Вомиқ ба пеши ӯ маъзур.
(Мансури Халлоҷ)


Касе маломати Вомиқ кунад ба нодонӣ,
Азизи ман, ки надидаст рӯи Азроро.
(Саъдии Шерозӣ)


7.лақаби ҳазрати Марям.

8.номи яке аз занони Искандари Зулқарнайн Азро буд.

Калидвожаҳо

Маънои номи Азро Azro