Азиз
мардонаМАЪНӢ
Азиз - (арабӣ). عزیز гиромӣ, боқадр; порсо; ғолиб, зурдаст
Азиз (арабӣ) عزيز 1. баландмартаба, олиқадр; арҷманд; бузургвор ва хатир; боиззат; гаронмоя ва муҳта рам; мағруб; гиромӣ; некӯ; муҳтарам; маҳбуб; мукаррам.
Эй Худоят азиз карда зи халқ,
Бандаро ҳаст меҳмони азиз.
(Анварӣ)
2. камёбу номавҷуд; қалилу нодир, ки камтар ёфт шавад; беҳамто; он чи камтар бад он дастрасӣ бошад, душворёфт, душворёб, ғариб; нодир; кампайдо;
Ман дар сухан азизи чаҳонам ба Шарқу Ғарб,
К-аз Шарқу Ғарб номи суханвар накӯтар аст.
(Хоқонии Шарвонӣ)
3. гаронбаҳо, боарзиш..
Зи ишқи ту куҷо ҷои гурез аст,
Маро ҳар як нафас бо ту азиз аст.
(Лоиқ Шералӣ)
4. бузургону сӯфиён, муршидону раҳбарони тасаввуф; порсо, диндор.
Чу Юсуф касе дар салоҳу тамиз
Ба чил сол бояд, ки гардад Азиз.
(Саъдии Шерозӣ)
6. шавҳари Зулайхо; дар Қуръони Карим, ба манзилаи сифатест барои шахсе бо номи Путифор, ки дар даст гоҳи Фиръавн муосири Мӯсо (а) бисёр муқтадир ва бонуфуз буд. Шавҳари Зулайхо буд.
Азизи Миср чаман шуд, ҷамоли Юсуф гул,
Сабо ба шаҳр даровард бӯи пираҳанаш.

Калидвожаҳо
Маънои номи Азиз Aziz