Номнома

Айём

мардона

МАЪНӢ

Айём (арабӣ) ايام 1. ҷ. явм; рӯзҳо; рӯзгор.

Он чи мемонад ба ҷо аз рафтагон, ҷуз ном нест,
Номи неке касб кун, Соиб, дар айёми ҳаёт.
(Соиби Табрезӣ)


Як ин рӯз аст моро нақди айём,
Бар ӯ ҳам эътимоде нест то шом.
(Низомӣ)


2. рӯзгорҳо, адвор, уҳуд, авқот;

Гарчи давроне хуш аст айёми гул,
Хуштар аз даврони ишқ айём нест.
(Салмон)


Қолаби фарзанди Одам озро манзил шудаст,
Андуҳи пешию бешӣ тира кард айёмро.
(Саноии Ғазнавӣ)


3. рӯзгор, даҳр.

Ҳама аз фитнаи айём ба по афтоданд,
Фитнаи чашми сиёҳаш паи айём афтод.
(Фурӯғии Бастомӣ)


З-ин сон, ки ҷаҳонро хабаре аз ғами мо нест,
Мо ҳам хабаре аз ғами айём надорем.
(Калими Кошонӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Айём Ayyom Айем Аём Аем