Номнома

Аввал

мардона

МАЪНӢ

Аввал (арабӣ) اول 1. якум, нахустин; нахуст, пеш, пеш аз ҳама; сиғаи исми тафзил ба маънии пештар ва мунсариф омадан; ҷ. авоил, нахуст, нахустин; нахуст, нахустин, якум, муқобили охир; зидди охир;

Рӯзи аввал, ки ба номи ҳама кас қуръа заданд,
Қуръаи ишқ ба номи мани мискин афтод.
(Ибни Ямин)


Эй ки хоҳӣ дод бахши ғам ба мискинони хеш,
Чун манат мискинтарам, аввал маро фармо насиб.
(Камоли Хуҷандӣ)


2. оғоз, саршавӣ, ибтидо; муқобили анҷом, поён; сароғоз;

То ба аввал нарасад ҳеч охир,
То чу охир набувад ҳеч аввал.
(Анварӣ)

Чунон буд ошиқи тоат дар аввал,
Ки ҷисмаш кард бо ҷонон мубаддал.
(Аттори Нишопурӣ)


3. ин номро одатан ба фарзанди аввалин гузошта, орзу ме кунанд, ки шумораи онҳо зиёд шавад; нигаред ба Абдулаввал.

Калидвожаҳо

Маънои номи Аввал Avval