Номнома

Асад

мардона

МАЪНӢ

Асад - (арабӣ). اسد шер

Асад (арабӣ) اسد 1. шер, шери беша; шери даранда;

Бо ишқи ту чӣ чора кунад ақли ҳилаҷӯй,
Рӯбоҳро чӣ тоқати сарпанҷаи асад?!
(Абдурраҳмони Ҷомӣ)


2. номи бурҷ; панҷумин бурҷ аз бурҷҳои дувоздаҳгонаи сол; номи бурҷи панҷум аз дувоздаҳ бурҷи фалак; бурҷи панҷум аз бурҷҳои дувоздаҳгонаи сол, баробар бо моҳи Мурдоди форсӣ ва Таму зи сурёнӣ;

Асад акнун чу Асад бар фалак аст,
Эй фалак, ҷони туву ҷони Асад.
(Хоқонии Шарвонӣ)


3. сурати панҷум аз суратҳои фалакӣ, ки дар миёни Саратон ва Сунбула қарор дорад ва онро ба сурати шере таваҳҳум кардаанд;

Хӯша, ки аз сунбули тар сохта,
Сунбуларо бар Асад андохта.
(Низомӣ)


4. монанди шер шудан, шерӣ намудан, далерӣ нишон до дан;

5. маънии маҷозиаш марди майдон ва паҳлавони мағлуб нопазир.

Гар Асад хонаи хуршед ниҳад,
Дошт хуршеди карам хони Асад.
(Хоқонии Шарвонӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Асад Asad