Номнома

Аржанг

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Аржанг - сурат, лавҳаи наққошӣ

Яке буд пайкар ду аржангро,
Тафовут на ҳам нақшу ҳам рангро.
Низомӣ


номи китоби Монӣ, ки сурат ва нақшҳои зебо доштааст;  нигорхонаи Монӣ

Ба теша сурати Ширин ба он санг,
Чунон барзад, ки Монӣ нақши Аржанг.
Низомӣ


номи як паҳлавони тӯронӣ

Ялонаш буд Аржангу Мардӯи шер,
Ки ҳаргиз набуданд аз ҷанг сер.
Абулқосим Фирдавсӣ


номи деве аз Мозандарон, ки бо дасти Рустам кушта шудааст

Супурд он чи дид аз карон то карон,
Ба Аржанг солори Мозандарон.
Абулқосим Фирдавсӣ


Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Аржанг Arzhang