Арғавон
занона
✓
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.
МАЪНӢ
Арғавон - гули сурхранги ба соқа часпида, ки пеш аз намоён шуданаш баргҳояш намудор мешаванд; дарахти ин гул, ки баланд аст ва баргҳои гирд дорад ва дар саноъати доруворӣ истифода мешавад
Менамояд акси май дар ранги рӯи маҳвашат,
Ҳамчу барги арғавон бар сафҳаи насрин ғариб.
Ҳофиз
Дар қабои арғавонӣ қадди он сарви равон,
Ҳаст чун нозукниҳоле аз дарахти арғавон.
Ҳилолӣ
маҷ. арғувонӣ, сурх
Абр омаду боз бар сари сабза гирист,
Бе бодаи арғавон намешояд зист.
Хайём
З-он пеш, к-офтоб сар аз кӯҳ барзанад,
Бояд мае ба бӯи гулу ранги арғавон.
Ҷавҳари Заргар
маҷ. чеҳраи зебо ва гулгун
бар арғавон гиреҳ задани зулф
بر ارغوان گره زدن زلف
киноя аз овезон шудани мӯй ба рухи сурхи маҳбуба
ба нилуфар бадал кардани арғавон
به نیلوفر بدل کردن ارغوان
киноя аз дигаргун шудани чеҳраи сурх, рангпарида шудани чеҳра
бар хок рехтани арғавон
بر خاک ریختن ارغوان
киноя аз рехтани хун

зистшиносӣ-улуми гиёҳӣ
сардае аз арғавониёни дарахтчаии баланд ё дарахтии кӯтоҳи хизондор бо шаш то даҳ гунаи буми Омрикои шимолӣ, Урупои ҷанубӣ ва Осиё, ки ба далели доштани гулҳои баҳораи зебо фаровон кишт мешаванд; баргҳои сода ва доираӣ ё қалбишакли ин гиёҳон ва ҳамчунин гулҳои арғавонии онҳо, ки дар авоили баҳор бар рӯйи соқаҳои бараҳна ва бидуни барг зоҳир мешавад аз вежагиҳои боризи онҳост
Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо
Маънои номи Аргавон Argavon Arghavon