Номнома

Ардашер

мардона

МАЪНӢ

Ардашер - (форсӣ). اردشیر подшоҳи поку дурусткор

Ардашер اردشير 1. шаҳрёри пок, шаҳрёри дурусткор;

2. нарм ва некӯкор;

3. касеро низ гӯянд, ки дар қувват ва шуҷоат бетаҳаввур ва ҷубн бошад; шуҷоъ, далер, нотарс;

4. номи Баҳман ибни Исфандёри падари Дороб аст. Гӯянд чун ҷаддаш - Гуштосп ӯро бисёр далеру шуҷоъ дид, бад-ин ном мавсум сохт. Ва маънии таркибии он шери хашмнок бошад, чи ард ба маънии қаҳр ва хашм низ омадааст. Ва номи писари Сосон ибни Баҳман, ки аввали Сосониён будааст ва ӯро Ардашери Бобакон мегуфтаанд.

Варо дид равшандилу ёдгир,
Аз он рӯз мехондаш Ардашер.
(Абулқосим Фирдавсӣ)


Писар буд ӯро яке ҳамчу шер,
Ки Сосон ҳамехондӣ Ардашер.
(Абулқосим Фирдавсӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Ардашер Ardasher