Номнома

Арбоб

мардона

МАЪНӢ

Арбоб (арабӣ) ارباب 1. соҳибон; дорандагон; соҳиб ва шурафо; шахсе бузург ва до ранда ва молик, худовандгор;

Эй ҷамолат қиблаи ҷон, абруят меҳроби дил,
Омадию фарз шуд сад саҷда бар арбоби дил.
(Муҳташами Кошонӣ)

2.парваришдиҳандагон; парваришкунанда; мураббиён.

Эй Саййидо, мураббии олӣ талаб намой,
Неку баде, ки ҳаст, ба арбоб мехӯрад.
(Саййидои Насафӣ)


3. раис, бузург; хоҷа;

Ғофил машав, ки доси даҳоқини хунҷигар 
Рӯзе расад, ки бар сари арбоб мехӯрад.
(Фаррухии Яздӣ)


4. молик, доро; соҳиби мулк; ба та ври муфрад шахси пулдор.

Гуфтам: Озодагавҳари вақт аст,
Гуфт: Оре, зи наслу аз арбоб.
(Унсурӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Арбоб Arbob