Номнома

Адолат

занона

МАЪНӢ

Адолат а.عدالت 1.додрасӣ, додгарӣ; некӯкорӣ, кор аз рӯи инсоф;
2.дод кардан, додгар будан, инсоф доштан; додгарӣ кардан, адолат кардан; Ҷурҷонӣ гӯяд: адолат дар луғат истиқомат бошад ва дар шариъат иборат аз истиқомат бар тариқи Ҳақ аст ба иҷтиноб аз он чи маҳзур аст дар дин; одил будан, инсоф доштан; додгустарӣ кардан, додгарӣ; додгар будан, додгарӣ, дод;

Ман он адлам, ки дар гетӣ ба гуфтор,
Ки дар гетӣ бихонандам адолат.
(Масъуди Саъд)


3.баробарӣ;

Дар ин мавсим, ки адл аз меҳри оламтоб шуд мизон,
Мизоҷаш муътадил, ё Раб, ба мизони адолат кун.
(Соиби Табрезӣ)


4.росткорӣ, ростӣ.

Калидвожаҳо

Маънои номи Адолат Adolat