Номнома

Абдулғанӣ

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон дар шакли Абдуғанӣ мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Абдулғанӣ - عبدالغنی - бандаи Худои дорову бениёз

Абдулғанӣ (арабӣ) عبدالغنی абд – банда, ғулом, Ғанӣ – доро, номе аз номҳои Илоҳӣ; номе аз номҳо ва сифоти Худои таоло.

Надонист дар боргоҳи ғанӣ,
Ки бечорагӣ беҳ зи кибру манӣ.
(Саъдии Шерозӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Абдулгани Abdulgani Abdulghani