Номҳо бо ҳарфи "Н"
Ҳамагӣ 151 ном
-
Нордона занонаНордона - донаи анор киноя аз лаби маъшуқа Лаби соқӣ чу нӯш нӯш кунад, Нуқл аз он нордона бистонем. Хоқонӣ Манбаъ: vazhaju.tj
-
Норӣ занонаНорӣ - мансуб ба нор II 1 оташин, шуълавар Ҳастанд ҷуз ту ин ҷо устоди шоъирон худ, Бо лафзҳои моӣ, бо табъҳои норӣ. Манучеҳрӣ ҷаҳаннамӣ, дӯзахӣ...
-
Норин занонаНорин - хӯрокворӣ як навъ таъоми аз гӯшту угро ё туппа пухта Манбаъ: vazhaju.tj
-
Носеҳ мардонаНосеҳ - (арабӣ). ناصیح панддиҳанда, насиҳатгар, пандеҳ Носеҳ - (арабӣ). ناصیح насиҳатгар, панддиҳанда
-
Носир мардонаНосир - (арабӣ). ناصر нусратдиҳанда, ёридиҳанда, мададгор
-
Ноҳид занонаНоҳид // Аноҳид // Аноҳито ناھيد//اناھيد/اناھيتاا 1. номи фариштаи зебоӣ дар адёни қадими тоҷикон; 2.сайёраи Зуҳра; 3.Рамзи зебоӣ, хушнудӣ ва санъат...
-
Ноҳида занонаНоҳида - (форсӣ). ناھده ситораи Зуҳра, ситораи дурахшон
-
Ноҷида занонаНоҷида - (арабӣ). ناجده баландмартаба; ёридиҳанда; равшанкунанда
-
Ноҷия занонаНоҷия - (арабӣ). ناجیھ пирӯз, муваффақ; солим; наҷотёбанда
-
Нуқра занонаНуқра - (форсӣ). نقره филизи гаронбаҳои сафедранг, сим
-
Нур мардонаНур - рӯшноӣ, равшанӣ, зиё, фурӯғ Абр шуд наққоши Чину бод шуд аттори Рум, Боғ шуд айвони нуру роғ шуд дарёи Ганг. Манучеҳрӣ нури дида نور دیده 1....
-
Нура занонаНура - (арабӣ). نوره нур, сафедӣ, рӯшноӣ
-
Нурафшон занонаНурафшон - (форсӣ). نورافشان нурпош, нурафкан Нурафшон نورفشان номи духтарон аст; пурзиё, нуронӣ, соҳиби фару зебоӣ.
-
Нурбахш мардонаНурбахш - нурдиҳанда, равшанидиҳанда, равшанкунанда Умрҳо будӣ аниси ҷони ман, Нурбахши дидаи гирёни ман. Абдураҳмони Ҷомӣ Манбаъ: vazhaju.tj
-
Нурбону занонаНурбону - (форсӣ). نوربانو зани нуронӣ, кушодарӯй
-
Нурӣ мардонаНурӣ - (арабӣ). نوری бонуру зиё, нурафшон, гармчеҳра
-
Нуриҷаҳон занонаНуриҷаҳон - (арабӣ-форсӣ). نورجھان равшан, тобон, дурахшон
-
Нурия занонаНурия - (арабӣ). نوریھ дурахшон, пурзиё, тобон, мунаввар, гармрӯ
-
Нуронӣ мардонаНуронӣ - (арабӣ). نورانی пурнур, тобон, мунаввар, ситорагарм
-
Нуруддин мардонаНуруддин - الدین نور - рӯшноии дин