Номҳо бо ҳарфи "М"
Ҳамагӣ 383 ном
-
Меҳрӣ занонаМеҳрӣ - (форсӣ). مھری бомуҳаббат, дӯстдор, меҳрубон Меҳрӣ مھری пайванди дӯстӣ, паймони дӯстӣ.
-
Меҳриддин мардонаМеҳриддин - مھردین - дӯстдори дин
-
Меҳрин мардонаМеҳрин مھرين меҳрубон, бомеҳр; мансуб ба меҳр; соҳиби меҳр, бомуҳаббат.
-
Меҳринисо занонаМеҳринисо مھرنسا офтоби занҳо, яъне зеботарин зан, бонуи хубчеҳра.
-
Меҳринисор занонаМеҳринисор - (форсӣ). مھرنثار қурбонии меҳр, меҳрафкан
-
Меҳрманд занонаМеҳрманд مھرمند дорои меҳр, бомуҳаббат, дӯст; молики муҳаббату дӯстӣ, бомеҳру шафқат. Ончунон рав, ки ғуломон рафтаанд, То сагаш гардад ҳалиму меҳрма...
-
Меҳрмас мардонаМеҳрмас مھرمس 1. бузурги меҳрубон, бузургтарин меҳр; 2. номи шашумин ниёи Ардашер.
-
Меҳрмоҳ занонаМеҳрмоҳ - (форсӣ). مھرماه моҳи ҳафтуми солшумории шамсӣ
-
Меҳрнигор занонаМеҳрнигор - (форсӣ). مھرنگار соҳиби қиёфаи меҳрубон Меҳрнигор مھرنگار мисли офтоб дурахшон, зебо, хубсурат.
-
Меҳрниё занонаМеҳрниё مھرنيا 1. аз нажоди хуршед; 2.аз ниёи меҳрубонон; аз нажоди одамони соҳиби меҳр ва муҳаббат; 3.падидомада аз пайванди дӯстӣ ва меҳрубонӣ; 4...
-
Меҳрнуш занонаМеҳрнуш - (форсӣ). مھرنوش бо меҳр фарогирифта, саршори меҳр
-
Меҳрнӯш мардонаМеҳрнӯш مھرنوش 1. дӯстдори меҳр ва паймони дӯстӣ; 2. меҳри ҷовидон, дӯстдори меҳри ҷовид; 3. яке аз писарони Исфандёр;
-
Меҳро занонаМеҳро مھرا 1.меҳрубон, бомеҳр; 2.номи мансуб ба зан.
-
Меҳроб мардонаМеҳроб - (арабӣ). محراب тоқи даруни масҷид, ки имом истад Меҳроб I مھراب 1. дурахши офтоб. 2. дӯстдори рушноӣ; 3. номи подшоҳи Кобул-падари мода...
-
Меҳровар мардонаМеҳровар - (форсӣ). مھراور дӯстиварзанда, ибрози муҳаббаткунанда
-
Меҳровон мардонаМеҳровон مھراوان 1. меҳрубон; бомуҳаббат, соҳиби меҳри зиёд; 2. фурӯғ ва рӯшноии обон; 3. ном барои мардон.
-
Меҳрозин мардонаМеҳрозин مھرآزين 1. зебандатарин меҳр; 2. пайванди оростаи Офаридгор ва офаридагон; 3. ороиши пайванд, дӯстию паймон; 4. номест аз номҳои занон.
-
Меҳрон мардонаМеҳрон - (форсӣ). مھران дорандаи меҳр, меҳрубон Меҳрон نامھر 1. дорандаи меҳр, меҳрубон; соҳиби муҳаббату шафқат; 2. паймони дӯстӣ; 3. ном а...
-
Меҳронӯш занонаМеҳронӯш مھرآنوش 1.дӯстдори меҳри ҷовид; 2.ном барои занон.
-
Меҳрофарин мардона занонаМеҳрофарин - (форсӣ). آفرین مھر дорои меҳру муҳаббати қавӣ Меҳрофарин مھرآفرين 1. ситоишкунандаи пайванди дӯстӣ; 2. ситоишгари рӯшноӣ; 3. ном ба...