Зулайхо
занонаМАЪНӢ
Зулайхо - (арабӣ). زلیخا номи зани Юсуф (а)
Зулайхо (арабӣ) زليخا соҳибаи юсуф (а); номи ошиқа ва манкуҳаи (никоҳии) меҳтари юсуф, алаҳиссалом; зани азизи миср ва соҳибаи юсуф пайғамбар; зулайхо (ба замми аввал ва фатҳи лом) тасғири «залхо», ки сиғаи сифати мушаббаҳ бошад; муаннаси «азлах»; маъхуз аз «залх», ки (билфатҳ) ба маънии ҷои лағзидани пост, чун зани маълума ба ҳусну ҷамол маҳалли лағзидани пои ақли бинандагон бувад, лиҳозо бад-ин исм мавсума шуд; ё он, ки ба камоли латофат ва сафо баданаш бағоят софӣ ва амлас буд, аз ин боис ба маҳалли лағзидан муносибаш дида, зулайхо номаш карданд. Ва ин тасғир ба ҷиҳати тараҳҳум ва муҳаббат аст ва ё барои таъзим. Ва баъзе муҳаққиқон навиштаанд, ки мавлиди Зулайхо ба мулки Мағриб аст; исми аслии ӯ ба забони сурёнӣ Роъил буд ва исми Зулайхо, ки шуҳрат дорад, вазъкардаи араб аст; он чи лафзи Залихо дар мардум (ба фатҳи аввал ва касри лом) шуҳрат дорад, ғалат аст, зеро ки ҳеч вазне аз авзони илми тасриф муаййиди сиҳҳаташ намешавад; ва баъзе гӯянд, ки Залихо (ба фатҳи аввал ва касри лом) ҳам дуруст бошад ва назири ин лафзи «марисо»-ст ба маънии навъе аз хурмо ва баъзе гӯянд, ки исми аҷамист, валлоҳу аълам биссавоб; номи зани Путифор, Азизи Миср, ки шавҳараш, Юсуфро ба ғуломӣ харид ва ӯ шефтаи Юсуф шуд ва чун Юсуф ба ӯ таваҷҷуҳ надошт, дар назди шавҳари худ саъоят кард ва Юсуфро ба зиндон андохт; Юсуф оқибат аз зиндон наҷот ёфт ва Азизи Миср шуд ва Зулайхо, ки пиру кӯр шуда буд, дар сари роҳи Юсуф менишаст ва зорӣ мекард, саранҷом ба Ҳақ имон овард ва ба дуои Юсуф ҷавону зебо шуд, Юсуф ӯро ба занӣ гирифт.
Юсуф ба сабри хеш паямбар шуд,
Расво шитоб кард Зулайхоро.
(Носири Хусрав)
Баромад Юсуфи норанҷ дар даст,
Туранҷи маҳ Зулайховор бишкаст.
(Низомии Ганҷавӣ)

Калидвожаҳо
Маънои номи Зулайхо Zulaykho