Шуҳрат
мардонаМАЪНӢ
Шуҳрат (арабӣ) شھرت 1.машҳурӣ, номдорӣ; овоза, иштиҳор, маъруфият; номбардорӣ; номдор шудан, маъруф гардидан; сит, баландовозагӣ, номоварӣ;
Лаби дарё насими тоза дорад,
Муҳаббат ҳам дару дарвоза дорад.
Кушояд ҳар касе дарвозаашро,
Ки ному шуҳрату овоза дорад.
(Лоиқ Шералӣ)
2.маъруф гардидан;
Қасди шуҳрат набуд Ҷомиро,
К-ин ҳама назми обдор навишт.
(Абдурраҳмони Ҷомӣ)
3.ошкор шудан; фош гаштани амре, зоҳир шудан; ошкор кардан ва бо лафзи шудан ва кардан мустаъмал аст.
Лаби дарё насими тоза дорад,
Муҳаббат ҳам дару дарвоза дорад.
Кушояд ҳар касе дарвозаашро,
Ки ному шуҳрату овоза дорад.
(Лоиқ Шералӣ)
2.маъруф гардидан;
Қасди шуҳрат набуд Ҷомиро,
К-ин ҳама назми обдор навишт.
(Абдурраҳмони Ҷомӣ)
3.ошкор шудан; фош гаштани амре, зоҳир шудан; ошкор кардан ва бо лафзи шудан ва кардан мустаъмал аст.
Калидвожаҳо
Маънои номи Шухрат Shukhrat Shuhrat