Номнома

Раъно

занона

МАЪНӢ

Раъно - (арабӣ). رعنا зебо, хубрӯй, дилкаш, мулоим

Раъно (арабӣ) رعنا ба он хотир номи духтар раъно ниҳанд, то ӯ чун гул зебо ва шукуфон бошад; маънии он дар луғатҳо:

1. зебо, хушрӯй, латиф, хушнамо, дилкаш; зариф ва дилрабо; хушандом, хубандом, хушгил; базеб, хубсурат, соҳибҷамол;

Фарзона ризои нафси раъно накунад,
То хира нагардаду таманно накунад.
Ибриқ ар об то ба гардан накунӣ,
Берун шудан аз лӯла тақозо накунад.
(Саъдии Шерозӣ)


2. рост, баланд, хушқаду қомат; дар арабӣ ба маънии рашиқулқад наёмадааст, вале дар миёни омма дар форсӣ маъмул аст; дар тадовули форсӣ: расоқад, болобаланд, мавзун, чунонки аз қомат ва қад ва боло, хушқаду боло, хушқадду қомат, некӯқомат;

Азизаш буд бар сар соягустар,
Ниҳоле буд раъно, сояпарвар.
(Абдурраҳмони Ҷомӣ)


3. озод аз кор ва шуғл;

4. хиромон;

Сабо, ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро,
Ки сар ба кӯҳу биёбон ту додаӣ моро.
(Ҳофиз)


5. номи гуле, ки аз андарун сурх ва аз берун зард бошад.

Калидвожаҳо

Маънои номи Раъно Rano Раьно Рано