Номнома

Навбаҳор

занона

МАЪНӢ

Навбаҳор نوبھار оғози фасли баҳор, ки табиат бедор мешавад, ҳама ҷо зебо мешавад ва дилҳо масрур мегарданд, тозабаҳор. Ин номи духтаронаро ба кӯдаконе, ки дар оғози баҳор таваллуд ёфтаанд, ба хотири чун баҳор зебо гардидан ва зиндагии сарсабз доштанаш мегузоранд; маънии он дар фарҳангҳо:

1.баҳори нав, шодоб ва тоза чун баҳор; фасли баҳор, аввали баҳор, оғози фасли баҳор; рабеъ; фаслест аз фусули арбаъа.

Сабза ба олам ба навбаҳор барояд,
Бар лаби ӯ сабза бе баҳор баромад.
(Сӯзании Самарқандӣ)


2.гул ва шукуфаи тозаи дарахт; сабзаи навруста;

Дар ин боғ агар навбаҳоре бувад,
Зи боди хазонаш ғуборе бувад.
(Абулқосим Фирдавсӣ)


3.киноя аз маҳбуб ва маъшуқи зеборӯй; дилбари зеборухсор, маҳбубаи ниҳоят соҳибҷамол;

Май дар кафу навбаҳор дар пеш,
Эшон ду ба ду ба қиссаи хеш.
(Низомии Ганҷавӣ)


4. қисми гул.

Калидвожаҳо

Маънои номи Навбахор Navbakhor Navbahor