Номнома

Настаран

занона

МАЪНӢ

Настаран نسترن номест аз номҳои духтарона; маънии он дар фарҳангҳо:

1. номи як гули хурди хушбӯи зебо, ки сафед ё сурх буда, дар шохаҳо ғуҷум-ғуҷум кушода мешавад; гулест хушбӯ, ба ранги сурх ё сафед, кӯчактар аз гули сурх, дар ҳар шоха чандин гул шукуфта мешавад, дарахти он хордор аст; номи гулест сафед, дар ғояти хушбӯие, ки онро дар урфи Ҳинд севатӣ хонанд ва ғунча аз ташбеҳоти ӯст; гули насринро гӯянд ва он гулест сафедранги мушкини хушбӯй; яке аз гунаҳои ваҳшӣ ва худрӯи гули сурх аст, ки пояи пайванд барои анвои гули сурх қарор мегирад ; гулест сурх ва худрӯй.

Ин маҷлиси хуррам, ки дар ӯ чеҳра намуданд,
Хайрию гулу настарану савсану насрин.
(Абулфараҷи Рунӣ)


То чун суман сапед бувад барги настаран,
Чун шанбалид зард бувад барги заъфарон.
(Фаррухӣ)


2. гулзор; гулистон; маконе, ки анвои гуногуни гул касир бошад, гулшан, гулзор.

Калидвожаҳо

Маънои номи Настаран Nastaran