Номнома

Ҳасан

мардона

МАЪНӢ

Ҳасан - (арабӣ). حسن зебо, некӯ, хуб; номи набераи Муҳаммад (с)

Ҳасан (арабӣ) حسن 1. соҳиби ҳусн, зебо, хуб, некӯ; наъти музаккар аз ҳусн, ҳусайн, ҳусон, ҳассон, ҳосин, ҳуснон; хуб, нек, хубрӯй, хуш, соҳиби ҷамол; ҷамил;

Шеъри ӯ чун табъи ӯ ҳам бетакаллуф, ҳам бадеъ,
Табъи ӯ чун шеъри ӯ ҳам бомалоҳат, ҳам ҳасан.
(Манучеҳрии Домғонӣ)


Аз суҳбати дӯсте биранҷам,
К-ахлоқи бадам ҳасан намояд.
(Саъдии Шерозӣ)


2.писанд ва хуҷаста;
3.исми хоси мард;

4.номи набераи калонии Муҳаммад; писари Ҳазрати Алӣ (р) ки ба ҷаддаш Муҳаммад (с) хеле зиёд монанд буд.

Гуфт з-он фазле Ҳузайфа бо Ҳасан,
То бад-он шуд вазъу тазкираш ҳасан.
(Румӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Хасан Khasan Hasan