Номнома

Фароғат

занона

МАЪНӢ

Фароғат (арабӣ) فراغت 1. осудагӣ, роҳат, оромӣ; дар форсӣ ба маънии осудагӣ, осоиш ва осуда шудан аз коре мегӯянд; оромиш, ворастагӣ; истироҳат, зидди гирифторӣ аз кор ва шуғл;

Гуфтӣ: Накунӣ хидмати султон? Накунам, не,
Як лаҳза фароғат ба ду олам нафурӯшам.
(Хоқонии Шарвонӣ)


2. озод будан, вобаста набудан ба чизе, тарки тааллуқоти зиндагӣ;

Камол аз подшо дорад фароғат,
Ба вақти хеш ӯ ҳам подшоҳ аст.
(Камоли Хуҷандӣ)


3. ба итмом расидан, ба итмом расонидан; итмом, анҷом, хотима;

4. дар арабӣ ба маънии бетобӣ ва изтироб аст.

Калидвожаҳо

Маънои номи Фарогат Farogat Faroghat