Амин
мардонаМАЪНӢ
Амин - (арабӣ). امین шахси мӯътамад; лақаби Муҳаммад (с)
Амин (арабӣ) امين 1. вакил.
Аз вазирон нест шоҳонро гузин,
Лек донову амин бояд вазир.
(Абдурраҳмони Ҷомӣ.)
2. амонатнигоҳдоранда; амонатдор; муътамад; зинҳордор; касе, ки битавон ба ӯ эътимод кард; тарафи эътимод, касе, ки мардум бо ӯ эътимод мекунанд;
Пеши лаб холи сияҳро он ду рух гар ҷой дод,
Содагӣ бошад магасро бар шакар кардан амин.
(Камоли Хуҷандӣ)
3. дурустқавл; ростгӯ, мурод аз ин кали ма дар китоби муқаддас имон аст ва гуфтаанд, ки амин гуфторест, ки эҳтимоли кизб дар он набошад; росткор, дуруст, дурусткор;
Пур насиҳат кардаанд мардони дин,
Нашнавӣ панди рафиқони амин.
(Аттори Нишопурӣ)
4. бовафо;
Дастури хирадманд, туро бахт қарин аст,
Зеро ки амини шаҳу фарзанди амин аст.
(Адибулмамолики Фароҳонӣ)
5. киноя аз Ҷабраили алайҳиссалом;
Гар амини Худо чу мо бошӣ,
Ҷабраили Амин тавон дидан.
(Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ)
6. киноя аз расули Худо Муҳаммад (с).
Дар миёни анбиё бошад Муҳаммад номи ту,
Бар забони аҳли олам ҳаст алқобат амин.

Калидвожаҳо
Маънои номи Амин Amin