Алиф
мардонаМАЪНӢ
Алиф I (арабӣ) الف 1. номи ҳарфи якуми алифбои арабии тоҷикӣ, ки дар ҳисоби ҷумалу абҷад ба 1 баробар аст;
Эй фалак, дод аз ҷафоят, дар чӣ ҳолам кардаӣ,
Рост будам чун алиф, монанди долам кардаӣ.
(Туғрали Аҳрорӣ)
3. қомати маъшуқро дар ростӣ, ё баландқоматии мутлақро бад-он ташбеҳ кунанд, ё киноя аз озодию озодагию ростӣ ва садоқат таҷрид оранд.
Аз ҳама абҷад бар миму алиф шефтаам,
Ки ба болову даҳони ту алиф монаду мим.
(Фаррухӣ)
Алиф II (арабӣ) اليف 1. анис, дӯст, ҳамнишин; ёру дӯст; ҳамдам.
Вақти сиҳҳат ҷумла ёранду ҳариф,
Вақти дарду ғам ба ҷуз Ҳақ ку алиф?
(Румӣ)
2. хӯгирӣ; улфатгирифта, хӯгирифта; хӯйгирифта; улфатгирифташуда.
Пас дар ин таркиби ҳайвони латиф
Офариду кард бо дониш алиф.
(Ҷалолуддини Румӣ)

Калидвожаҳо
Маънои номи Алиф Alif