Номнома

Адиб

мардона

МАЪНӢ

Адиб - (арабӣ). ادیب шоир, нависанда

Адиб (арабӣ) اديب 1. устод, тарбиятгар, мураббии бодонишу фарҳанг;
омӯзандаи адаб, фарҳангомӯз; адабомӯз;

Шараф аз илм бувад ё зи адаб,
Беадабро натавон хонд адиб.
(Ҳоҷиби Шерозӣ)


2. зирак, нигаҳдорандаи ҳадди ҳар чиз; сухандон, зирак; бофарҳанг; фарҳангвар, фарҳангӣ, донишманд, ҳунарманд, худованди адаб, адабдоранда, донои улуми адаб;

Он, к-ӯ амид, рафт зи хона,
Он, к-ӯ адиб, рафт ба мактаб.
(Масъуди Саъд)


3. нависанда, адабиётшинос;
4. дабир;

Мо аз он ҷо омадем ин ҷо ғариб,
Ту чаро махсус бошӣ, эй адиб?!
(Ҷалолуддини Румӣ)


5. расмдон; донандаи расму оин ва боварҳои куҳан; одобдон.

Дурам ҳамекунанд адибон зи пеши ту,
Эй ҳурзода, ишқ биёмӯз адибро!
(Авҳадӣ)


6. Унвони ифтихории шоирон Адиб Собири Тирмизӣ (1078-1147) Адиби Нишопурӣ (1867-1926) ва Адиби Пешоварӣ (1844-1930).

Калидвожаҳо

Маънои номи Адиб Adib